Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ рафти иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 баррасӣ шуд
26.06.2020Ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ
26.06.202025 сентябр дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” конфронси назариявӣ доир гардид.
Дар конфронс таъкид карда шуд, ки бо иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин гардида истодааст. Дар мамлакат мақомоти салоҳиятдори бахши сайёҳӣ –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамзамон аз ҷониби Парлумони мамлакат як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳа 180 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши сайёҳӣ дар мамлакат муассир мебошад.
Дар кори конфронс директори Ассосиатсияи тараққиёти сайёҳии «Зарафшон» Ҷамшед Юсупов дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии вилояти Суғд», муовини ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Бӯстон» ва роҳбари ширкати сайёҳии «Чимтарға — Travel» Оламафрӯз Раҳмонқулов дар мавзӯи «Таҷрибаи қабули сайёҳон ба Тоҷикистон» маъруза намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд