КЎҲҲОИ ФОН – МИНТАҚАИ МИЁНИ САЙЁҲОН МАШҲУР, КИ ДАР ШИМОЛУ ҒАРБИ ТОҶИКИСТОН ҶОЙГИР АСТ

Минтақаи мазкур барои ташкили сайёҳати бисёррўзаи кўҳӣ-пиёдагардӣ, ки вариантҳои гуногун ва сершумори онҳо мавҷуд ҳастанд, хеле қулай аст. Аз як дара ба дараи дигар, аз як кўли дилрабо ба дигар кўли дилфиреб, аз шафати истеҳкомҳои харсангҳои дар танаашон холҳои хурди пиряхҳои овезондошта гузашта, табиати гирду атроф мисли як чизи ҳайратовар ва аҷоибу ғароиб эҳсос мегардад! Дар ин ҷо як одам дар менамояд, ки аз кўҳо танҳо кӯҳҳо беҳтар буда метавонанд!
Миёни мавзеъҳои аз ҳама зебо ва аз нуқтаи назари кӯҳнавардӣ барои фатҳнамои ҷолибияти бештардошта Чапдара (5050 м), Бодхона (5138 м), Замок (5070 м), Мария (4970 м), Мирали (5120 м), Зиндон (4800 м)-ро ном бурда метавонем. Қуллаи баландтарин дар кӯҳҳои Фон ин қуллаи Чимтарға (5489 м) мебошад, ки ба он ҳам роҳҳои оддӣ ва ҳам роҳҳои экстра-класс, ки аз деворҳои ҷанубу ғарбии қулла мегузарад, оварда мерасонанд. Ба кӯҳҳои Фон, на танҳо қуллаҳои баланд, инчунин дарёчаҳои серобу шўх ва кўлҳои сершумор – мусаффо ва рангин (онҳо наздики 30 адад) хос мебошанд.
Дар самти ҷанубӣ аз қаторкўҳи асосӣ, кӯли Искандаркўл ҷойгир аст (масоҳати мусаффои кўл 307 гектар ва чуқурии аз ҳама бештари он 72 м, баландӣ аз сатҳи баҳр 2196 м). Ин кӯл, зоҳиран, якчан ҳазорсола инҷониб вуҷуд дорад, вай дар натиҷаи ярч дар кӯҳҳо пайдо шудааст. Оби кӯл ранги кабуду сабзи каме хира дошта,ниҳоят сард аст ва танҳо одамони обутобёфта метавонанд ба он дохил шаванд.

КЎЛИКАЛОН «КЎЛИ КАЛОН»

Дар шимол аз қаторкӯҳҳои асосӣ дар водиҳо, ки замоне пиряхҳо буданд, кӯлҳои Кўликон ва ҳамсояҳои онҳо – Чукурак, Зиёрт, Биби-Ҷанат, Душаха, инчунин кӯлҳои машҳури Алоуддин (2700 м), ки дар он пойгоҳи кўҳнавардон ҷойгир аст, доман густурдаанд.
Кўликунон, ки маънои “Кўли калон”-ро дорад, дар баландии 2800 м ҷойгир буда, дуюм калонтарин (пас аз Искандаркул) кӯли ин минтақа мебошад. Кўли мазкур дугона аст: Кўликалони Бузург ва Кўликалони Хурд, ки онҳо бо ҳам бо шохоб мепайванданд. Соҳили шимолии кӯлро халиҷҳо хурду калон, ки онҳоро дар навбати худ димоғаву барзахҳо ҷудо мекунанд, буридаанд. Соҳилҳои кӯл серҷангал мебошанд. Об аз Кўликалони Хурд ба зери замин поён рафта, аз нав пас 600 метр дар намуди дарёи Уреч пайдо мешавад. Об дар охири тарафи ҷанубии Кўликалон дар муқоиса бо оби қисми шимолии он, ки дар он ҷо бемалол метавонанд шино кунанд, сардтар аст. Дар соҳилҳо вай рангашро тағйир медиҳад. Ба назар чунон мерасад, ки гўё дар қаъри оби кабуду сабзраг ҷисми сиёҳи ҳайвоноти азбайнрафта дароз кашида хоб рафтаанд. Дар кӯл моҳии маринка мавҷуд аст. Дар Кўликалон зиёда аз 14 кўлҳои аҷиб ва зебову хушманзара ҳастанд! Ба назар чунин мерасад, ки гӯё тарроҳи ландшафтӣ онҳоро оро дода бошад.


КЎЛҲОИ АЛОУДДИН

Кўлҳои Алоуддин – ин гуруҳи обанборҳо дар болооби дараи дарёи Пасруд мебошад. Ҳамаи кўлҳо дар зинаҳои моренаҳои ниҳоят қадима ва кадимӣ ҷойгир шудаанд. Обҳои тозаву мусоффо аз як зина ба зинаи дигар мавҷ мезананд. Дар ин кўлҳо моҳиҳо нестанд. Муддати тўлонӣ дар ин обҳо танҳо нафарони ҷасуру обутобёфта шино карда метавонанд, зеро оби ин кўлҳо ниҳоят сард мебошад.
Дар ин минтақа наздики кўли Алоуддин, ки ранги аҷиби кабуд дорад, мавзеи бошишгоҳ қарор додан мумкин. Тамоми атрофи соҳилҳо – бешаи арчазор буда, болои ҳамаи ин шукўҳу ҳашамат девори сурхранги дукилометраи Чапдара, ки аз зер бо пояи сангрезаҳои бузург устувор гаштааст, қомат афрохтааст. Агар аз кўлҳои Алоуддин ба ағбаи ҳамноми он боло шавем, он гоҳ кўл бо тамоми тобишҳои ранги кабуд, мисли дар харитаи баҳрҳо, намоён мегардад: аз яхранги нилобии наздики соҳил то кабуди тира дар миёна, бо ҳадди возеҳи тобиши байни рангҳо.
Дар болооби дарёи Чапдара дараи зебо, ки дар ду тараф истеҳкомҳои боҳашамати харсангӣ дорад, дидамешавад. Ин силсилаи манзараҳоро девораи азамати якунимкилометраи Шимоли Ғарбии Чапдара, ки ҳангоми ғуруби офтоб ранги аҷиби тиллоиро ба худ мегирад, ҳусни оғоз мебахшад.
Дар рў ба рўи он, дар дигар тарафи дара кўҳи Одамтош («Одами сангӣ», 4940м) бо истеҳкомҳои амудӣ девори шимолу ғарбӣ қомат афроштааст. Аз алпгалерея роҳ бо теғаи шимолӣ рост ба қулла оварда мерасонад. Агар аз кўлҳо бо долони махсуси дара болотар бароед, он гоҳ пас аз ду соат ба кўлҳои зебои Мутные (3490м), ки дар ҳавзаи байни нишебиҳои кўҳҳои – ғарбии Замок ва шарқӣ – Чимтарға ҷойгир шудааст, мерасед. Дар сари роҳ ба ин мавзеъ яке паси дигар аз тарафи чап, ҳангоми паси сар кардани ду нишебии баланд, аввал истеҳкомҳои кўҳҳои Бодхона ва сипас Замок, гўё ки шинокунон ногаҳон падидор мегарданд.
Аз ағбаи Қазноқ (4000 м) мавқеи хуб барои назораи деворҳои мўҳташами ҷанубу ғарбии Чимтеппа бо истеҳкоми даҳшатовари пеш аз қуллагӣ, ки дар он ба таври мувозӣ хатсайрҳои мушкилгузари рў рўи шахҳо мегузаранд, намудор мегардад. Пеш аз фатҳи ин деворҳо кўлҳои Мутные бошишгоҳи хубе мебошанд. Дар гирду атрофи кўлҳо ҳеҷ чиз намерӯяд. Дар тамоми периметри кӯлҳо – харсангпораҳои шахҳои фурўрехта. Бояд гуфт, ки аз кўл Чимтарға (5489м), нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Фонро дидан мумкин аст!