Меҳмонхонаи “Суғд”

Кӯч. Ленин, 179-А, меҳмонхонаи 4-ошёна барои буду бош 24 ҳуҷраро пешниҳод менамояд, ки бо услуби авруосиёӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Шумораи ҳуҷраҳо – 24 (яккатӣ ва дукатии стандартӣ, такмилдодашуда, нимлюкс ва люкс).

Меҳмонхонаи “Тавҳид”

Кӯч. Фирдавсӣ 117. Меҳмонхонаи «Тавҳид» дар шаҳри Хуҷанд қомат афрохта, аз фурудгоҳ то ин меҳмонхона ҳамагӣ 35 дақиқа роҳ аст ва он имкони  қабули то 20 нафар меҳмононро дорад. Дар меҳмонхонаи мазкур тарабхона,  қаҳвахона, синамои ноқилӣ фаъолият менамоянд. Шумораи ҳуҷраҳо – 24 (яккатӣ ва дукатии стандартӣ, такмилдодашуда, нимлюкс ва люкс).

Меҳмонхонаи “Фирӯз”

Ш. Хуҷанд, кӯч. Ленин 223. Дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳри Хуҷанд уомат афрохтааст. Бароҳатии будубош дар тавъамӣ бо табиати зебо, чорроҳаи ҳаракати нақлиётӣ имкон медиҳад, ки ба зудӣ ба маркази шаҳр омада расед. Меҳмонхонаи “Фирӯз” – ин бинои чорошёна муосир бо ҳуҷраҳои бароҳат ва тарабхона мебошад. Ба меҳмонон дар сатҳи баланд хидмат расонида шуда, инчунин хизматҳои иловагӣ, аз ҷумла истгоҳи нақлиётии муҳофизатшаванда.
+ 992 (92) 867 2222
+ 992 (92) 867 2222
info@firuz-hotel.tj

Меҳмонхонаи “Хуҷанд-Делюкс”

Кӯч. Раҳим Ҷалил 63 а. Меҳмонхонаи “Хуҷанд-Делюкс” ба меҳмонони худ 20 ҳуҷра ва сютҳои боҳашаматро пешкаш менамояд, ки дар онҳо мукаммалияти стандартҳои муосир ва ҳашамат ва бароҳатии анъанавиро ҳам барои меҳмонони бо сафарҳои хизматӣ ташрифнамуда ва ҳам барои сайёҳони истироҳаткунанда, дар худ тавъам намудааст.
+992 92 605 5444
hotel@khujand-deluxe.tj

 

Меҳмонхонаи “Хуҷанд Гранд Ҳотел”

ш. Хуҷанд, кӯч. М. Танбурӣ 20, ки дар худи маркази шаҳр, дар бинои муҳташами бо услуби модерн бунёдгашта қарор дорад, аз рӯи натиҷаҳои таҳлили мулоҳизоти меҳмонони сукунаткарда, ки бо забонҳои гуногуни ҷаҳон – русӣ, хитоӣ, англисӣ, арабӣ ва ғайра навиштаанд, меҳмонхонаи мо беҳтарин меҳмонхонаи Хуҷанд (Тоҷикистон) дониста шудааст. Соли 2012 меҳмонхона сазовори ифтихорномаи “Сифати беҳтарини хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гардид.
+992 (3422) 4 29 36,
info@grand-hotel.tj