Ба Тоҷикистоин офтобрўя шумо тавассути ҳавопаймо, роҳи оҳан ва ё автомобил омада метавонед. Ҷумҳурӣ бо шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Алма-Ато, Бишкек, Рига, Истанбул, Дубай, Урумчи, Теҳрон, Машхад, Франкфурт назди Майн бо хатсайрҳои мустақими ҳавопаймоӣ дорад. Дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоии кишвар зиёда аз 10 ширкатҳои ҳамлу нақлкунандаи милливу хориҷӣ бо киштиҳои ҳавопаймоии навхариди Боинг фаъолият мебаранд.

Инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»  ба самтҳои мухталифи  дохилиҷумҳурӣ, ба Хуҷанд, Кўлоб, Хоруғ  зиёда аз 10 хатсайрҳоро дар як ҳафта анҷом медиҳанд.

Дар Тоҷикистон якчанд фурудгоҳҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ фаъолият доранд. Чунончӣ яке аз терминалҳои бузурги байналмиллалӣ дар фурурдгоҳи воқеъ дар наздикии шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Тамоми тафсилот дар бораи арзиши чиптаҳои ҳавопаймоии ширкатҳои номбурдаро дар сомонаҳои зерин дарёфт намудан мумкин аст.

 

Самти Аврупо:

Turkish Airlines www.turkishairlines.com

Somon Air www.somonair.com

Самти Русия:

Tajik Air www.tajikair.tj

S7 Airlines www.s7.ru

Rossiya Airlines www.rossiya-airlines.com

Domodedovo Airlines www.domodedovo.ru

Самти Чин (Хитой):

China Southern Airlines www.csair.com