ВИЛОЯТИ СУҒД ВА Ё СУҒД ЯКЕ АЗ МАРКАЗҲОИ МАДАНИВУ САНОАТИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД.
СУҒДИ МУОСИР – ИН ПАЙВАСТИ ҲАМОҲАНГӢ, АНЪАНА ВА ФАРҲАНГИ СОХТИ ЗИНДАГӢ, ТИҶОРАТ ВА РУШДУ НУМЎЪ.

ҶУҒРОФИЯ

Дар масоҳати 25,400 км² доман афрохтааст.
Сарзамини асосан кӯҳистон буда, дар самти шимоли он қаторкўҳи Қурама ва кӯҳҳои Mевағул, дар ҷануб – қаторкўҳи Туркистон ва кўҳҳои Зарафшон ҷойгир шудаанд. Бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Ба вилоят эксклавҳои Ворух ва Қалъачаи Ғарбӣ, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Боткен ва Лейлеки вилояти Баткени Қирғизистон ҷойгир шудаанд, инчунин анклави Сарвак, ки дар қаламрави ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон ҷойгир, дохил мешаванд.
Дарёҳои асосӣ – Сирдарё ва Зарафшон мебошанд. Кӯли калонтарин Искандаркул аст. Обанборҳо – Қайроққум, Фархад, Қаттасой ва Дагансой.
Иқлим – континенталӣ, хушк аст ва аз тағйироти баландӣ аз сатҳи баҳр вобаста аст. Ҳарорати миёнаи моҳи январ дар водӣ 0,70-10 ° C, июл 28-29 ° C мебошад. Боришоти солона 150-300 мм. Ҳаво дар кӯҳҳо сард аст. Ҳарорати миёна: январ – 40 ° C, июл 26 ° C. Боришот дар кӯҳсор (то 1000 метр) 400 мм; ҳарорати миёна: январ (дар баландии 2500-3000 м) – 9 ° C ва дар июл 15 ° C, боришоти солона то 800 мм.



Вилояти Суғд яке азсарзамини қадимтарини таърихиву ҷуғрофии ориёӣ мебошад. Суғдиҳо яке аз халқиятҳо аз қавмӣ ориёӣ буда, дар бунёд ва ташаккули халқи тоҷик (асрҳои IX-X) фаъолона ширкат варзиданд. Суғдиҳо бо забони худ (Суғдӣ), ки он ба шохаи аврупоиву эронии забонҳои ҳиндуаврупоӣ  мансуб буда, асосан дар водиҳои Зарафшон ва Кашкадарё, Сирдарё, Фарғона ва Ҳафтрўд паҳн гардида буд, сухан мегарданд.  Аз замонҳои қадим, ки дар гузаргоҳи роҳҳои шинохтаи Шарқ қарор дошта, Хуҷанд яке аз марказҳои  муҳими иқтисодиву ҳарбиву стратегӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ буд. «Роҳи бузурги абрешим», ки Юнони қадим, Рум, Осиёи хурд, Мисрро бо Чин, Порс ва Ҳиндустон пайваст мекард, аз қаламрави Хуҷанд мегузашт. Дар шоҳроҳҳои Роҳи бузурги абрешим, онҳо шаҳрҳоро бунёд мекарданд, бозорҳои тиҷоратиро баргузор намуда, дар рушди тиҷорати байналмилалӣ саҳмгузор мешуданд.



АҲОЛӢ


Шумораи аҳолии вилояти Суғд 2454.6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар минтақа асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳо ва қирғизҳо умр ба сар мебаранд. Зичии аҳолӣ аз 94,02 нафар /км иборат мебошад. Ҳиссаи аҳолии шаҳр дар шумораи умумӣ 27% ва аҳолии деҳот 73% -ро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳолии вилоят (аз соли 1991 то 2014) 46,6 фоиз ё 780,9 ҳазор нафар афзудааст. Синну соли миёнаи аҳолии минтақа 25 солро ташкил медиҳад.


ТАҚСИМОТИ МАЪМУРӢ

Ба ҳайати вилояти Суғд 10 шаҳр, 22 шаҳраки типи шаҳрӣ, 14 ноҳия ва 93 ҷамоати деҳот дохил мешаванд.
Маркази маъмурӣ: шаҳри Хуҷанд