Вилояти Суғд инчунин маркази фарҳанги олӣ мебошад. Дар ин ҷо 6 театри давлатии касбӣ, 5 театрҳои мардумӣ фаъолият дошта, 13 боғҳои фарҳангиву фароғатӣ вуҷуд доранд; 7 музей, 33 мактабҳои мусиқӣ ва санъат мавҷуданд. Фарҳанги вилоят – ин ҷаҳонфаҳмии нафис ва ороми шарқиёна. Дар ҳама давру замон тоҷикон ғуруру матонати худро ба мисли қуллаҳои кӯҳсорон, дар ҳама ҳолат босубот нигоҳ дошта, пайрави эҷодкориву созандагӣ, илм ва маориф буда, мустақилият ва ҳамзистиву муносибатҳои дўстонаю некбинонаро бо ҳамсоягони худ дастгириву поянда медоранд. Давраи пешрафти фарҳанг, рушди илму адабиёт, таҳкими заминаи давлатӣ ба давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён ва бахусус дар давраи яке аз симоҳои барҷастаи ин сулола Исмоили Сомони, рост меояд. Шароити мусоид барои рушди илм ва фарҳанги Тоҷикистон заминае гардид, ки дар он истеъдоди як силсилаи азими олимон, шоирон, ходимони давлатӣ инкишоф ёфт. Беҳтарин фарзандони миллат дар қасри Сомониён, ки бо он давраи тиллоии рушди тамаддуни тоҷик алоқамандӣ дорад, ҷамъ омада буданд. Имрӯзҳо номи асосгузори адабиёти форсу тоҷик – Рӯдакӣ, мутаффакиру олим – Абўали ибни Сино, шоир Фирдавсӣ ва достони машҳури вай «Шоҳнома» мояи ифтихори на танҳо тоҷикон, балки тамоми инсоният мебошанд.

 

Сари дастурхон ҷамъ омада, тоҷикон тановул намудани хӯрокҳои миллиро авло медонанд. Ҳатто дар хонаи камбизоаттарин мизбон меҳмонро бо дастурхони пурнозу неъмати бо лагандҳои (табақҳои калони миллӣ) зебо зиннатдодашуда бо анвои хўрданиву нуқлу наво ва пиёлаҳо, табақҳои пури меваву сабзавот орододашуда пешвоз мегиранд. Меҳмоннавозӣ хусусияти асосии халқҳоест, ки сокини чунин як кишвари зебову беназир – Тоҷикистон мебошанд.

 

Бузкашӣ яке аз бозиҳои қадимтаринест, ки дар Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошад, ки чавгонбозиро дар болои аспҳо монандӣ дорад. Тафовут дар он аст, ки ба ҷои тўб танаи бесари буз истифода мешавад. Мақсади ҳар як аспсавор – ба даст овардани танаи буз ва то ҳадди имкон бештар онро соҳибӣ кардан ва ё то ба марра оварда расонидан мебошад. Бузкаши бозиест, киаллакай дар замони зардуштия маълум буд.
Аввалан дар ин бозӣ танҳо қабилаҳои кўчии эронӣ иштирок мекарданд ва тадриҷан он дар байни қавмҳои муқимии қабилаҳои эронӣ маъмул шуданд. Дар ибтидо, мубориза барои ҷасади бузҳо на танҳо бозӣ, балки як намуди омодагӣ ва имтиҳони ҷанговарони оянда буд. Ҷавонон малакаҳои муҳориба ҳангоми аспсаворӣ, идоракунии онҳо дар шароити фавқулоддаи муҳорибаҳои воқеиро тамрину такмил медоданд. Далелҳо мавҷуданд, ки дар бозиҳо садҳо ва ҳатто ҳазорҳо аспсаворон иштирок мекарданд ва ин мусобиқа тамоми рӯз идома меёфт. Дар замонҳои гузашта ба иштирокчиёни бузкаши иҷозат медоданд, ки қувваи ҷисмониро истифода баранд, рақибони худро бо қамчин, тозиёнаи чармин зананд, аммо имрӯзҳо дар мусобиқаҳои расмӣ қоидаҳо имкониятҳои бозингарони бузкаширо маҳдуд месозанд ва барои риоя накардани онҳо муҷозотҳо, аз холҳои ҷаримавӣ то аз бози маҳрумсозӣ ва берун кардан аз майдон таъин карда шудаанд.

 

Маданияти халқи тоҷик аз даврони қадимтарин мабдаъ мегирад. Имрӯзҳо тоҷикон аксарияти анъанаҳои қадимароа нигоҳ доштанд, ки мисли пештара бо услуби муосир тавъам шудаанд. Агар шумо ба таърих таваҷҷўҳ намоед, Тоҷикистон дорои таърихи бой буда, маводи ба даврони садаи 1-и пеш аз милод нисбатдоштаро пешниҳод карда метавонад. Шояд аз ҳама мавзеъҳои ҷолиби шоёни тамошову таваҷҷўҳи сайёҳон ин Панҷакенти қадим бошад. Бостоншиносон дар ин ҷо иншооти истиқоматӣ ва мазҳабӣ, тасвирҳои аҷиби мўҳташам, ҳайкалҳои зебо, ки ба асрҳои 7-ум ва 8-уми давраи мо нисбат доранд, пайдо намуданд. Маҷмааи меъмории ин шаҳр, ба ақидаи олимон дар байни дигар шаҳрҳои Осиё мислу монанд надоранд. Тоҷикон ҳамчун ҳунармандони кулолгариву сафолот шинохта шуда буданд. Дар шаҳрҳо ва водиҳо мардон дар чархҳои кулолгарӣ зарфҳои сафолӣ месохтанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ чархҳои кулолгарӣ истифода намешуданд – занон зарфҳоро ба таври дастӣ ба қолаб медароварданд.То кунун баъзе намудҳои қадимаи ҳунармандӣ нигоҳ дошта шуда, аз насл ба насл мегузаранд. Зарфҳои рангини бемислу беҳамто, ҷевону табақҳои орододашуда дар солунҳои Душанбе истифода шуда, то ҳанӯз далели ин малакаи ҳунармандии куҳан мебошанд.

 

Дар шаҳрҳо гузарҳои бофандагон, кулолгарон, оҳангарон, кандакорон дар чўб ва гаҷ (алебастр) буданд. Дар баъзе минтақаҳо матоъҳои эксклюзивии нақшу нигордори коғазӣ ва шоҳӣ истеҳсол шуда буданд. Онҳо асосан қолинҳои бофта ва коғазии дар дастгоҳҳои оддии бофандагӣ омодашуда буданд. Онҳо то ҳол дар моделҳои муосири гулдўзӣ маъруфият дошта, ҳанўз ҳам маъмулу машҳуранд. Ҳунармандони имрӯза тавре, ки садсолаҳо пештар, тоқӣ, куртаҳои занона ва ашёи урфу одативу анъанавиро, ба монанди гулдўзии сари деворӣ – сўзанӣ, рўйкашҳои ороишӣ – рўйҷо ва дастурхонҳоро бо нақшу нигори зебо гулдўзӣ мекунанд. Дар арафаи истилои араб, Зардуштия, Будпарастӣ ва Ҳиндуия гурӯҳҳои асосии динӣ буданд. Аммо дини ислом батадриҷ мавқеи дигар дину оинҳоро танг намуд. Бисёр масҷидҳо бунёд ёфтаанд, ва дар байни онҳо мақбараҳои асрҳои XI-XII, ки то имрӯз дар ҳолати хуб қарор доранд, Сайёд, Мазори Шариф, аз асри 15 Уро-Теппа, ёдгориҳои водии Ҳисор ва масҷидҳо боқӣ мондаанд. Мегўянд, ки дини мардуми тоҷик хоҳиши онҳоро ба сулҳу субот ва фаьмидани илму адабро тавсиф менамояд. Истилогарони араб қариб тамоман забони тоҷиконро несту нобуд карданд. Вале, бо вуҷуди он, маълум гардид, ки шоҳкориҳои ҳақиқии классикии тоҷик таҷдид шудаанд: адабиёт, сурудҳо ва китобҳои илмӣ.