СОХТОРИ ТУРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Аз санаи 1 июни соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон портали нав оид ба додани раводидҳои электронии «e-Visa» ба фаъолият оғоз намуд, ки он ба шаҳрвандони хориҷии ба Ҷумҳурӣ бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ё мақсади корӣ ворид мегарданд, ба пур кардани дархости электронӣ ва гирифтани раводиди электронӣ бидуни ташриф ба консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа  имконият медиҳад.

Низоми раводидҳои электронии «e-Visa» ба хориҷиён барои ба таври бархат гирифтани раводид имкон фароҳам оварда, онҳоро аз зарурати навбатпоӣ дар консулгариҳо ва сарҳади Тоҷикистон раҳо месозад. Низоми нав барои сабук кардани раванди аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани раводиди Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоранда, инчунин сода кардани равандҳои раводидӣ ба тоҷирон, таҳия гардидааст. Инчунин мо мехоҳем вақти шуморо сарфа намуда, кори ҳайати кормандони бо раванди додани раводид машғулбударо осон кунем.

Дархосткунандагон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ, пас аз пур кардани шакл бо иттилооти зарурӣ ва пардохти бархат (онлайн) бо корти кредитӣ, гирифта метавонанд. Дархосткунандагон барои баррасии саволнома (анкета) оид ба гирифтани раводиди электронӣ бояд тавассути шабакаҳои байналхалқии эътирофшуда, барои коркарди электронӣ, 50 доллари ИМА пардохт намоянд ва дар сурати рад кардани ариза, маблағи пардохтшуда ба дархосткунанда баргардонида намешавад. Пас аз пардохти маблағи раводид ва тасдиқ кардани ариза, дархосткунанда ба ҳамон почтаи электронӣ раводид мегирад, ки онро бояд ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон якҷоя бо ҳуҷҷатҳои барои убур амалкунанда пешниҳод намояд.

Почтаи электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рўз амал менамояд, вале соҳиби он дар қаламрави Ҷумҳурӣ на зиёда аз 45 рўзи тақвимӣ қарор дошта метавонад. Раводиди электронӣ тамдид дода намешавад ва соҳиби он бояд дар муҳлати муайянгардида қаламрави Ҷумҳуриро тарк намояд.