ХУҶАНД


Таърихи шаҳр аз давраҳои қадим манбаъ мегирад. Ба ақидаи илми бостоншиносии муосир, Хуҷанди қадим аллакай дар сулолаи Ҳахоманишиён, яъне то ба соҳилҳои рўди Сир омада расидани қўшунҳои Искандари Мақдунӣ, арзи вуҷуд дошт. Дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён Хуҷанд ҳисори пешоҳанги ҳимоявии шарқии империяи Порс буд. Муаллифони Юнони қадим ва Рими қадим Хуҷандро сарҳади Осиё меҳисобиданд. 2500 сол қабл дар ин мавзеъ Искандари Мақдунӣ урдуи ҳарбии худро ҷойгир намуда, ин бошишгоҳро «Александрия Эсхата» (Александрияи Канорӣ) ном гузошт. Муаллифи атиқа Ариан зикр менамояд, ки соли 329 то қарни мо, бо фармони Искандари Мақдунӣ шаҳр бо деворҳои қалъа мустаҳкам карда шуда буд.
Соли1975 дар бурриши девор бостоншиносон ҷузъҳои девори хиштии қадимаро ошкор намуданд, ки он ба асри V-уми то қарни мо нисбат дошта, шурфи дар қалъа ба чуқурии 27 м кандашуда имкон дод, ки қабатҳои ба асрҳои VII-IV-уми пеш аз мелод мансуббударо ошкор созад. Қалъаи Хуҷанди бостон дар соҳили Сирдарё ҷойгир буда, масоҳати 320х200 м-ро ишғол намудааст. Ба деворҳои фатҳнопазири он чандин маротиба лашкарҳои умавиён, туркон, сипоҳи Чингизхон ҳуҷум кардаанд. Хуҷанди бостон, ки бо панҷ рўдхонаҳо бо об таъмин мегашт, дарозии девори қалъааш 10,5 км буда, ҳафт дарвоза дошт ва аз ҳар яке аз онҳо шоҳрое ба марказ оварда мерасонд. Ҷуғрофишиносони арабизабони асрҳои Х-ХII шаҳрро бо унвони волои «Тирози ҷаҳон» – «Арӯси ҷаҳон» ном мебурданд. Дар ибтидои асри ХХ, шаҳр то ҳол симои шарқии худро нигоҳ медошт ва аз 146 маҳаллаҳои аз рўи нишонаҳои хешу таборӣ ва касбӣ муттаҳидшуда иборат гашта, дар атрофи марказҳои ҷамъиятиву дину оинӣ ҷамъ омада буданд: 33 масҷиди ҷомеъ ва 121 масҷиди махалла, зиёда аз 100 ҳавзҳо, 37 корвонсаройҳо, 300 чойхонаҳо. Маркази бузурги ҳунармандиву савдо, аз ҷумла шоҳибофӣ буда, шаҳр анъанаҳои илмӣ ва фарҳангии қадимаи худро дошт. Аз рӯи миқдори мадрасаҳо, Хуҷанд танҳо пас аз Бухоро ва Самарқанд меистод ва ватани зиёда аз 300 нафар олимон, шоирон ва машшоқон мебошад.
Аз замонҳои қадимтарин, Хуҷанд, ки дар чорсўи роҳҳои тиҷоратии Шарқ воқеъ буд, яке аз марказҳои муҳимтарини иқтисодӣ, ҳарбию стратегӣ ва фарҳангии Mовароуннаҳр буд. . «Роҳи бузурги абрешим», ки Юнони қадим, Рум, Осиёи хурд, Мисрро бо Чин, Порс ва Ҳиндустон пайваст мекард, аз қаламрави Хуҷанд мегузашт. Хуҷандватани нуҷумшиносон, риёзидонҳо, табибон, таърихшиносон, шоирон ва мусиқачиён буд. Яке аз онҳо Абўмаҳмуди Хуҷандӣ – асосгузори мактаби нуҷумшиносии маҳаллӣ, ахтари барҷастаи улуми ҷаҳонӣ мебошад. Дар асри XIV, Камоли Хуҷандӣ – муаллифи ғазалҳои нобро «Булбули Хуҷанд» меномиданд. Дар асрҳои миёна шоираи ширинкалом, мутриби хушнаво ва раққосаи хушхиром Маҳастӣ низ чунин шўҳратёр буд. Дар асри IX арбобони фарҳанг Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз ва Хоҷи Юсуф дар Хуҷанд фаъолияти маорифпарвариро пешаи худ сохта буданд.




ИСТАРАВШАН




Истаравшан шаҳри ҳунару ҳунармандӣ, яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ аст, ки дар соли 2002-ум 2500 солагиашро ҷашн гирифтан, шаҳр дар масофаи 73 км аз шаҳри Хуҷанд воқеъ гардидааст. Порсиён ин шаҳрро Куркада ва суғдиён – Курушкада меномиданд. Олимони муосир вайро бо Кирополи қадим ё ба ақидаи Батлимус (Птоломей) бо Кирэсхата мошобеҳ мекарданд.
Дар асри VI –и то милод шаҳр бо се қатор деворҳо мустаҳкам шуда, қалъаи бо деворҳо иҳоташудро дошт, ки дарозии онҳо 6 ҳазор метр буд, шаҳр бо ҳунармандӣ, косибони бомаҳорат ва тиҷораткории бобарори манфиатовари худ маъмулу машҳур буд.
Бархе аз олимон дар он ақидаанд, ки дар асрҳои I-II пеш аз милод ва I-II-и милодӣ Истаравшан ҳамчун Уструшана маъруф буда, ба ҳайати вилояти мустақили Устушана бо пойтахти худ Бунҷикат шомил буд. Он маркази муҳими тиҷоратӣ буд, зеро роҳҳо аз ин ҷо ба Хуҷанд, Бухоро, Самарқанд ва ба водии Фарғона оварда мерасониданд.
Дар давоми ҳукмронии араб Истаравшан, ки соли 822-и музофоти халифат гардид, миёни Шарқи мусалмонии асримиёнагӣ ҳамчун маркази тиҷоратӣ ва фарҳангӣ маъруф буд. Дар ин ҷо намудҳои нави иншооти меъмории исломӣ (масҷид, мадраса, мақбара, манораҳо ва ғайра), ки дар асоси он рушди сохтмони пештоқу гунбазҳо буданд, инкишоф ёфтаанд. Дар асри XIII рушди пешрафтаистодаи Истравшан бинобар ҳуҷуми лашкари қӯшунҳои Чингизхон қатъ гардид, чингизиён ба ғорату талаву тороҷ ва нобуд кардани аҳолии маҳаллӣ даст заданд, ки дар натиҷаи он аксари қарияву деҳаҳо ба харобазор табдил ёфта, системаи обтаъминкунӣ нобуд гардида, шаҳрҳо холӣ шуданд.
Дар охири садаи XIV вақте, ки империяи пуриқтидори Темуриён бо пойтахти он дар Самарқанд пурзӯртар мегардид ва Мовароуннаҳр давраи рушди беназири худро аз сар мегузаронд, боз хабарҳои таърихи дар бораи ин шаҳр пайдо шуданд, вале ҳоло онро Уро-теппа ном мебурданд.
Ин шаҳр яке аз марказҳои сераҳолии босуръатрушдкунандаи давлати нав мегардад. Маҳаллаҳои истиқоматӣ васеъ гардида, майдонҳои ҳудуди шаҳр обод мешуданд. Аҳолиишаҳр тавассути ҷӯйборҳо, қубурҳои зеризаминӣ, чоҳҳо бо об таъмин карда мешуданд.
Барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии маҳаллӣ бо захираҳои обӣ, дар ҳар як маҳалла, минтақаҳои рекреатсионӣ бо ҳавзаҳо ва обанборҳои пӯшида сохта мешуданд.
Дар асри XVI Мовароуннаҳр (дар якҷоягӣ бо вай Уро-Теппа низ) дар натиҷаи ташаккулёбии давлати нав бо пойтахташ шаҳри Бухоро, ки сулолаи Шайбониҳо ҳукмронӣ мекарданд, аҳамиятнокӣ ва нуфузи худро аз даст дод. Савдои транзитӣ аз Ҳиндустон инҳисори дигар давлатҳо гардид.
Дар асри XVIII, рушди Уро-Теппа такроран оғоз гардид. Маҳз дар ҳамин давра ҳисор ва деворҳои қалъа мустаҳкам шуда, иншоотҳои истеҳкомии нав сохта ва кӯҳнаҳои он барқарор карда шуданд ва онҳо иқдитори истодагариро ба ҳамлаҳои зиёди қабилаҳои турку муғул, ки пайваста ба шаҳр тохту тоз мекраданд, доштанд. Ҳудуди шаҳр дар 527 гектар масоҳат доман паҳн карда буд, ки дар он қалъаи қадимӣ, масҷидҳо, мадрасаҳо, шаш ҳаммомхона ва чойхонаҳои зиёд қарор доштанд.




ПАНҶАКЕНТ




Харобаҳои Панҷакенти бостон ҳанӯз дар қарни XIX диққати бостоншиносонро ба худ ҷалб мекард, вале танҳо соли 1946 ва то айни замон дар ин ҷо ҳафриёти мунтазами археологӣ гузаронида мешава, ки қариб нисфи шаҳркадаро фаро гирифтааст. Қалъаи  дар алоҳидагӣ дар теппа қарордошта бо қалъаи Деваштич, ду маъбад бо ҳавлиҳои васеъ дар маркази шаҳркада , ҳашт кӯчаҳои асосӣ ва даҳ тангкӯчаҳо, дӯконҳо, устохонаҳо, деворҳои қалъа, манзилҳои бисёрҳуҷрагии ду ва ҳатто сеошёна ҳафриёт шудаанд. Тазоди ҳашамати шаклҳои меъмории сохтмонҳо ва содагии масолеҳи сохтмонӣ – хишти хоми гилӣ, ки маҳз аз он сохта шудаанд, касро ба ҳайрат мегузорад. Ҳар як нафари каме доро буда манзили худро мусаввараҳои деворӣ ва ҳайкалчаҳои чӯбӣ оро медоданд.



САРАЗМ




Ёдгории қадимаи зироатпарварии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов ошкор шудааст. Ёдгории таърихии мазкур дар 15 км аз самти ғарбии шаҳри Панҷакент ва 45 км шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Масоҳати аввалии ёдгорӣ тахминан 130 гектар буд. Шаҳркада дар ҳудуди зиёда аз ҳазор сол босуръат обод гардида, дар охири давраи энеолит ва аввали биринҷӣ ба авҷи рушду нумӯи худ расида буд. Чор давраи пайдарҳами хронологиро ҷудо кардаанд, ки бо назардошти таҳлилҳои радиокарбонӣ ба таври зайл таърихгузорӣ шудаанд: 1 – 3500-3200 то милод; давраи 2 – 3200 – 2900 то милод; давраи 3 – 2900-2700 то милод; давраи 4 – 2700 – 2000 соли то милод.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.21.2001 сол таҳти рақами № 391, ёдгориҳои 5500-солаи Саразми ноҳияи Панҷакент мамнўъгоҳи таърихӣ –археологӣ, ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид.


ВОДИИ ЯҒНОБ




Водии дарёи Яғноб тақрибан 105 км шимоли пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, якбора аз паси ағбаи Анзоб (3372 м ва дарозиаш тақрибан 60 километр аст), ибтидо мегирад. Яғноб аз якҷояшавии дарёҳои Rev,bkm и Барзенг , ки аз асоси пиряхҳои куҳии Такали мабдаъ мегиранд, ба вуҷуд меояд.  Дарёи Яғноб мувозӣ бодарёи Зарафшон ҷорӣ буда, қаторкўҳҳои Зарафшонро аз қаторкўҳи Ҳисор ҷудо менамояд.
Қисми болоии водӣ бо марғзорҳои алпӣ ва субалпии худ машҳур мебошад, вале аҳолӣ дар ин ҷо ба таври доимӣ зиндагӣ намекунад. Танҳо дар рӯзҳои тобистон чӯпонон ба ин ҷо рамаҳоро ба чаро меоранд.
Дар маҷрои миёнаи дарё, ки водӣ дар он мавзеъ нисбатан фарох ва кушод аст, дар баландии тахминан 2-3 ҳазор метр, деҳаҳои хурд ҳастанд, ки дар онҳо яғнобиён – гурӯҳи махсуси тоҷикон, насли бевоситаи суғдиён зиндагӣ мекунанд. Забони онҳо яке аз лаҳҷаҳои кам омӯхташудаи забони қадимтарини суғдӣ мебошад, ки бо он намояндагони бархе аз аҷдодони тоҷикони муосир то дар асрҳои VII-VIII дар Осиёи Марказиро истило намудани арабҳо, сухан мекарданд. Ҳоло яғнобиён бо ду забон – забони худи онҳо, ки ба гурӯҳи шарқӣ-эронӣ дохил мешавад ва тоҷикӣ муошират мекунад. Илова бар он забони Яғнобиро аксари тоҷикон намефаҳманд. Бояд қайд кард, ки ғолибан занон «нигоҳдорандагони» ин забони нодир мебошанд, зеро ҳангоми муошират онҳо бо забони модарии худ сухан карданро авло медонанд, баръакси мардон, ки забони тоҷикиро афзал мешуморанд.
Дар охири солҳои 60-юми асри ХХ, сокинони Яғноб ба кўчонида шуданд, то ин ки бо парвариши пахта машғул шаванд ва танҳо баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яғнобиён, барои истиқомати доимӣ, ба зодгоҳи аҷдодони худ баргаштанд.
Манзили анъанавӣ дар деҳоти маҳаллӣ (онҳо зиёда аз 30-то мебошанд) аз тахтаҳои варақсангҳо сохта шудаанд ва аз ҳуҷраҳои зиёди истиқоматӣ ва хоҷагӣ, ки аксаран зери як сақф бо ҳам омада иборат мебошанд ва дар онҳо захираи сӯзишворӣ ва хӯроки чорво нигоҳ дошта мешаванд. Сақфи хонаҳоро болорҳои кандакорӣ нигоҳ медоранд: дар деворҳо барои ҷиҳози хона тоқчаҳо гузоштаанд. Бухорӣ ва мўрӣ (камин) – ҷиҳози ҳатмии ҳамаи биноҳои истиқоматӣ мебошанд.
Бо вуҷуди он, ки имрӯз яғнобиён пайравони дини ислом мебошанд, онҳо баъзеҳо аз эътиқодоти тоисломии бо дину оинҳои қадимаи будпарастӣ, зардуштӣ (оташпарастӣ) алоқамандбударо маҳфуз доштаанд. Чунончӣ то ҳанўз дар Яғноб бо нафаси худ хомўш крадани оташ манъ аст: дар аксари идҳо аз болои оташ меҷаҳанд; наварӯсонеро, ки ба хонаи домод меоянд, пеш аз воридшавӣ дар гирди оташ давр гардонида, бо чароғҳои равшан пешвоз мегиранд. Дар баъзе аз мазорҳои сершумор (ҷойҳои муқаддас, оромгоҳи азизону авлиёҳо), аҳолии маҳаллӣ ҳайкалчаҳои хурди сафолии ҳайвонот – гӯсфандон, аспҳо, бузҳои кӯҳиро мегузоранд, ки мувофиқи хурофот онҳо шабона зинда шуда, ба сӯи дарё рафта, бо қувваҳои шарир муҳориба мекунанд. Агар рӯзи дигар маълум шавад, ки ҳайкалчаҳои  ягон нафаре шикастааст, ин чунин маъно дорад, ки азизу авлиёҳо қурбонии вайро қабул накарданд.
Дар яке аз ҷойҳои қадим ва муқаддастарини Яғноб – мазори Хатти Мулло дар деҳаи Сокан – як маросими аҷоибе анҷом дода мешавад, ки ҳангоми он одам се маротиба гирди санг, бино ва сутуни бузурги дар ҳудуди мазорбударо давр мегардад. Ва баъд аз ҳар як маротибаи давргардӣ бояд сутуни сайқалхўрдаи ялаққосиро тавре оғўш намояд, ки ангуштони дастонаш бо ҳам нарасанд (гўё, ки танаи сутун ғафстар шуда бошад), дар акси ҳол чунин шахс метавонад дучори нохушиҳо гардад.

Ба Яғноб на танҳо этнографҳо ё фарҳангшиносон, балки сайёҳон – дўстдорони сайру саёҳати пиёда, кӯҳнавардон ва шахпаймоён (скалолазы) таваҷҷўҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар ин мавзеъ девори миёни кўҳнавардон маъруфи Яғноб ҷойгир аст, ки сокинони маҳаллӣ онро Замин Карор меноманд (ки маънои «Замини ором»-ро дорад), яъне кўҳе, ки аз заминларзаву сангпар азият намекашад.
Замин Карор 8 км дар самти арзӣ тўл кашида, якчанд қуллаҳои алоҳида дорад, ки аз ҳамдигар дар масофаи назаррас дур ҷойгир шудаанд, ва қуллаи баландтарини он бо нишонаи 4767 м дар қисмати шарқӣ доман густурдааст.
Дар қисмати шарқии минтақаи Замин Карор масоҳати назарраси пиряхҳо мавҷуд мебошанд, дар ҳоле, ки қисми ғарбии он аз шахҳо иборат аст. Нишебии миёнаи деворҳои шимолии кўҳ – аз 60 дараҷа то рост ба хатти амудӣ. Нишебиҳои ҷанубӣ хеле ҳамвор, нисбатан моил мебошанд.
Хатсайрҳои асосии кўҳнавардии болошавӣ ба қуллаи кўҳи Замин Карор аз шимол буда, онҳо танҳо ба болонавардҳои  хуб омӯзонидашуда ва баландихтисос дастрас мебошанд. Поёншавӣ ба ҷануб начандон душвор аст ва роҳ аз болои тахтасангҳо ва нишебиҳои пошхуранда мегузарад.
Роҳ ба сўи девори Яғноб аз роҳи автомобилгарди Душанбе-Айнӣ ( ба василаи пул (кўпрук) аз дарёи Яғноб, якбораи пас аз пфаромадан аз ағбаи Анзоб) тахминан се соат вақтро мегирад.


Мавзеи шоёни таваҷҷӯҳи дараи Яғноб, ба истилоҳ, «ҷангалҳои ниҳоят қадима» мебошад, ки он ба давраи юра нисбат доранд – дарахтҳои сангшуда дар намуди тана ва кундаҳо, шохаву навдаҳои сангшуда, буттазории чилбуғум. Ақидае мавҷуд аст, ки иқлими давраи юра дар водии Яғноб ҳамон хеле буд, ки айни замон дар соҳилҳои ҷанубии Австралия ва Тасманияи кунунӣ мебошад,  ва дар он ҷо рустаниҳои зиёд буданд, ки як қисми онҳо хушк шуда, қисми дигараш дар қабати ғафси бодовардҳои регӣ ва гиливу сангрезигӣ консерватсия шудаанд. Қисмҳои консерватсияшудаи растаниҳо дар давоми садсолаҳо танҳо бар сохтори берунаи чўби дарахтон ҷой гирифта, вале аксаран ба ҳалқаҳои солгашти афзоиши дарахтон низ иваз карда шуданд. Дарахтони сангшудаи Яғноб бо минералҳои дар таркибашон оҳандор – гематит ва сидерит муаррифиӣ шудаанд.
Баландии танаҳои нисбатан бузург 3-5 м ва диаметрашон қариб 1 м мебошанд. Дар ин ҷо маҷмўи «қабристонҳо»-и чилбуғумҳои сангшуда, ки таначаҳои сангшудаи онҳо то ба 3-5 см мерасанд.